Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

28.01.2024

      Терроризм ва экстремизм мавзӯъҳои меҳварию доғи  рӯз ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як шаҳрвандони сайёраро бетараф гузошта наметавонад. Тоҷикистони азизи мо ҳамҷун  узви  созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри решакан намудани он ҳамеша талош меварзанд.

Ҳамин буд, ки 17 майи соли 2020 дар пойтахти  кишварамон шаҳри Душанбе бо ташаббуси  Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), иттиҳоди Аврупо, Созмони  амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар шарикони байналмилалӣ  конфронс дар мавзӯи  «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза  бо терроризм  ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла  гардиши  ғайриқонунии  маводи мухаддир  ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид, ки дар кори он, беш аз 500  ҳайат аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ роҳбарони  мақомоти  масъули  мубориза  бо таҳдиду ҷолишҳои амниятӣ, намояндагони  ҷомеаи  шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии  муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

      Дар рӯҳияи  баланди ватандӯстӣ, худшиносиву  худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи аввалиндараҷа ва фахрии оила ва мактаб аст. Бинобар он, ин ҳадафу мақсад аз мо – омӯзгорон тақозо менамояд, ки ба кори таъилму тарбия  ҳарчӣ бештар талош варзем ва аз имкониятҳои мавҷуда ва ҳанӯз истифода нашуда баҳравар шавем.

Ҷаҳони имрӯз, чуноне ба назар мерасад, хеле пуртазод аст. Терроризм чун вабои аср оромӣ ва зиндагии мардумонро дар ин ё он гӯшаи дунё ноором карда, аз ҳамлаҳои  хунин одамони бегуноҳ ҷон бохта, шаҳрҳо валангор мегарданд. Мо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар мавриди терроризм ва экстремизм  хуб дар хотир дорем. Сарвари давлат иброз медоранд, ки террористон на миллат доранду на давлат ва на мазҳаб. Онҳо дар роҳи ҷомаи амал  пӯшонидани ақидаҳои пучу харобиовар ба амалҳое даст мезананд, ки чунин амалҳоро ҷомеи ҷаҳонӣ сахт маҳкум менамояд. Пешвои миллат дар паёмҳои худ ба масъалаҳои терроризм ва экстримизм равшанӣ андохта, иброз доштанд, ки танҳо дар соле, ки сипарӣ мегардад, дар сад давлати дунё ҳамлаҳои террористӣ ба амал омадаанд. Аз ин амалҳо одамони зиёде дар Ғазза, Исроил, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ғайра зарар дидаву бехонумон гаштаанд. Ҳамаи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро як ҳадафу мақсад доранд. Онҳо ба роҳҳи террору даҳшатфиканӣ мехоҳанд ба қудрат расонанд. Дар ин масир онҳо аз фазоҳои холии фарҳангӣ ва сиёсии ҳар ҷомеа истифода бурда, пеш аз ҳама ба ҷавонони раҳгумзада такя мекунанд. Террористон барои ба мақсаду ҳадаф расидан аз дину мазҳаб моҳирона истифода мебаранд, ҳол он ки амалу кори онҳоро адёни дунё, ба хусус ислом ҳам маҳкум месозад. Қатли одамро тамоми динҳои дунё маҳкум намудааст, вале террористон дар куштори одамон   заррае  раҳму шафқат надоранд. Масалан, террористони  ДИИШ ва «Толибон», ки дар марзҳои Афғонистону Покистон амалҳои  террористиро анҷом медиҳанд. Ҳар неруи терористӣ фарҳангро эътироф накарда, муқобили мактабу маорифанд, онҳо хондану босавод шуданро зарур намешуморанд, ҳатто муқобили ба мактаб рафтани духтаронанд. Агар ба мавзӯи саводу мактаб амиқан бингарем, адёни дунё таълимро рад накарда, дини ислом таълимро ба марду зан зарур мешуморад. Дида мешавад, ки террористон бо он ақидаҳои пӯсида ва зиддиинсонии худ мехоҳанд дар ҷаҳон тухми ҷаҳолатро бикоранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам дар он даврони нооромиҳо аз амалҳои терористон хеле зарар дид. Дар баробари  харобаҳои ҷанг миллати кӯҳанбунёдамон  беҳтарин фарзандони фарзонаи хешро аз даст дод, ки аз дасти террористони зархарид кушта шудаанд.

Бояд тазакукр дод, ки ҷомеаи ҷаҳони  рӯз то рӯз дар мубориза бо терроризм – вабои аср боз ҳам муттаҳидтар мегардад. Ду кишвари абарқудрати дунё  Амрико ва Русия сипари асосӣ дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ қарор доранд.

Хулоса, таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб меравад, аксаран  ҳадафи асосии гурӯҳҳои  эктримистӣ ва террористӣ мегардаанд. Ин гурӯҳҳо барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми  худ созанд. Аз ин ру, зарур ва ҳатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзӯр гарданд.

Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод

А.А.Эшонқулов

Ба қафо

САДА – МУЖДА АЗ НАВРӮЗ

Ба пеш

Эълон

Ба пеш
Эълон

Эълон

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон