Раёсат, иттифоқи касаба ва ҳайати омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бинобар даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Раҷабмад Амиров ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасаллият намуда, сабри ҷамил хоҳонанд.