Дар ҳошияи фастивали мӯд зери унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”, ки санаи 3-юми майи соли ҷорӣ дар Донишкада давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шуд, вохӯрии ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо директори Донишкадаи дизайни костюм, профессор, аъзои Иттифоқи рассомони Россия, аз Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Гамаюнов Петр Петрович баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ табодули назар намуданд.