Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омодагӣ ба истиқболи соли нави таҳсил ва тантанаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли ҷорӣ барпо мегардад, равнақи тоза мегирад. Ҳар рӯзи шанбе шумораи зиёди кормандони таълимгоҳ ба ҳашар баромада, ба тозакорӣ ва нигоҳубини гулу гулбутта ва дарахтони саҳни ҳавлии бинои асосии таълимӣ машғул мешаванд. Чунин амалкард ин рӯзи шанбе-21 август низ бо фарорасии субҳи солеҳ сурат гирифт.
Ташаббуси мазкур аз оғози соли таҳсили соли 2020 то ин ҷониб роҳандозӣ шуда, қарор аст, ки он то тантанаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёбад.