Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ бахшида, омӯзгорону донишҷӯён ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ба ин ҷашни бузургу муқаддас самимона табрику таҳният намуданд.
Зимни суханронии хеш таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари азизамон мебошад. Истиқлолият нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистони азизи мо маҳз бо шарофати он ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдорӣ арзи ҳастӣ намуд.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 32 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз мардуми сарбаланди мо сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ободии кишвари азизамон хуш пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комил барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ зодаи даврони Истиқолол буда дар системаи маориф ва фарҳанги кишвар алакай 10 сол мешавад фаъолият дорад. Дар ин муддат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат барои омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар устодони донишкадаро вазифадор мекунад, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоянд.
Дар идома, мудири китобхонаи Донишкада Ёғибекова Б.Т. Дар мавзӯи “Шукри Истиқол” ва мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантура Ҳаитов Ф.М. дар мавзӯи “Истиқлолият ва таҳкими он дар шароити нави геополитикӣ” дар чаҳор банди мушаххас: мафҳум ва моҳияти Истиқлолият, равандҳои ба даст овардани Истиқлолият, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлоли ибрози андеша намуданд.