Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн дар ҷумҳурӣ ботантана қайд карда мешавад, 20 июн бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ва меҳмонон ҷаласаи бошукӯҳе баргузор гардид.
Дар ибтидо ректори донишкада, профессор, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшад Шуҷоат бо сухан доир ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки баъди ҷанги шаҳрвардии панҷсола 27 июни соли 1997 бо имзои созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин поён ёфт, самимона табрик гуфт ва таъкид намуд, ки ҳама дастовардҳои мамлакат тӯли 25 соли охир бо имзои созишномаи сулҳи мазкур вобастагии қавӣ дорад. Агар сулҳ барқарор намешуд, натанҳо таъсиси донишкадаи мо дар соли 2013 муяссар намегардид, балки тақдири минбаъдаи тамоми ҷумҳурӣ, тақдири давлати тоҷикон зери суол мемонд, гуфт ректор.
Сипас, иштирокдорони ҷаласа маърузаҳои мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Субҳон Усмонов “Ваҳдат – омили рушди мамлакат” ва муаллимаи кафедраи санъатшиносӣ Малика Қодирова “Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон”- ро бомароқ шуниданд.