Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.
Ҷамъомадро муовини ректори донишкада оид ба таълим Муродалӣ Иброҳимов кушода, аз номи раёсати донишкада аҳли толор – донишҷӯёну устодон ва меҳмононро табрик гуфт ва қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ яке аз унсурҳои муҳимтарини давлатдории мост. Дар кишвар барои ба меҳнати осоишта машғул шудан ва ё таҳсил кардан шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва ин оромию осудагӣ маҳз тавассути Артиши миллӣ, хизмати садоқатмондонаи ҳамаи онҳое, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат кардаанду мекунанд, пойдору устувор боқӣ мемонад. Ва месазад имрӯз ҳамаи онҳоро ба муносибати иди касбиашон аз самими дил табрик гӯем, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёрию зиракӣ ва ба халқу Ватан садоқатмандию вафодорӣ таманно намоем.
Сипас, корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҷалолиддин Садриддинов оид ба таърихи ташаккули Артиши миллӣ, корнамоию ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи халқ барои пойдору устувор нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ дар мамлакат баромад карда, хизмати Ватан-модарро барои ҳар як фарди ватандӯст шараф номид ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз хизмати Ватан- Модар дар канор намонанд.
Дар охир иштирокчиёни маъракаи тантанавӣ-донишҷӯёну омӯзгорон барономаи муштараки ҳунарии ҷолиби диққати муҳассилини Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро бо шавқ тамошо карданд.