Дарси хештаншиносӣ
Фатоева Рухсорамо, омӯзгори
кафедраи забонҳо ва фанҳои
гуманитарӣ дар ДДСТДТ
Тамаддун тарафҳои зиёди кашфношуда дорад. Эҳтироми тарафайни инсонҳо нахуст тамаддун аст. Шояд барои миллате, ки ба аввалин китоби олам ҳақрасӣ дорад, ба суоли «Тамаддун чист?» муроҷиат намудан хуб набошад. Мутаассифона, сатҳи пасти донишу ахлоқи баъзе аз ҷавонони мо ба он ҳидоят мекунад, ки мо ҷавонон дар гуфтугӯ ва ҷустуҷӯи дарки тамаддун бошем.
Маънои луғавии тамаддун «шаҳрванд» ё «шаҳрнишин» аст. Ин ба он хотир, ки мардуми шаҳр назар ба мардуми деҳот дорои ахлоқи накую гуфтори писандида буданд. Барои ҳамин тамаддун дар ҳама гуна ҷанбаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳам дар сухан, ҳам дар санъати меъморӣ, ҳам дар либоспӯшӣ, ороиши хонаву сохтмон таҷассум меёбад ва бояд табиати зебопарастии инсонро қонеъ карда тавонад. Дар таърих калимаи «тамаддун»-ро ба маънии васеътар ҳам истифода мебаранд. Чунончӣ, тамаддуни Ориёӣ, тамаддуни Юнони қадим, тамаддуни аврупоӣ, тамаддуни шарқӣ ва ғайра. Дар домани ин тамаддунҳои бузург донишмандон ва мутафаккирони зиёде парвариш ёфтаанд, ки нақши онҳо дар бунёдгузории зиндагии имрӯзаи башар ва фарҳангу тамаддуни башарӣ ниҳоят беназир аст. Дар ҳақиқат, фарҳангу тамаддуни ҷаҳони муосир решаҳои устувор дорад.
Таърих собит мекунад, ки то расидани дини мубини ислом ва пиёда шудани қонуни илоҳӣ, миллати тоҷик тамаддуни хоси худро дошт. Табиист, ки ҳар як қавму миллат тамаддун ва фарҳанге дорад ва кӯшиш мекунад, ки бартарии тамаддун ва фарҳанги худро ба дигарон намоиш диҳад. Тамаддуни башарӣ дар ҳеҷ давру замон кӯҳна намешавад. Пӯшида нест, ки тамаддуну фарҳанги қавми ғолибро қавми мағлуб олӣ ва пешрафта ҳисобида, ихтиёран ба таъсири он дода мешавад. Инро дар кишварҳои Шарқу Ғарб баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли рӯшани ин ҳукмронии кунунии тамаддуни аврупоӣ дар бисёр қитъаҳои олам аст. Имкониятҳои бузурги сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии кишварҳои Ғарб ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ин самт муваффақ бошанд. Омезиш бо тамаддуни Ғарб насли ҷавони моро аврупопараст кард. Тамаддуне, ки аз Аврупо ба мо расидааст, тамаддуни нав нест. Он тамаддунест, ки решаҳои амиқ дошта, аз тамаддуни Юнон ва Рими қадим маншаъ мегирад. Ин тамаддунҳо маҳз моддианд.
Қавме, ки бештар ба ҳусну ҷамоли зоҳирӣ аҳамият медоданд, ин мардуми Юнони қадим (Аврупо) буд, ки то имрӯз боқист. Аврупо – зебоии зоҳирӣ аст. Аз зебоии зоҳирӣ ахлоқи пок ҷустан маъно надорад. Сурату хусусияти тамаддуни шарқии мо дигар аст. Дар ин ҷо ҷавҳари ботинии шахсро дар мадди аввал мегузоранд. Аз ин рӯ, тамаддуни Аврупоро бо тамаддуни Шарқ муқоиса намудан хатост.
Имрӯз ҷомеаи моро аз он гузаштаи бузурге, ки мо доштем, ифтихори бузурге фаро гирифтааст. Бале, мо вориси Рӯдакиву Ҳофиз ва Абуалӣ ибни Синоем. Фарҳанги гузаштаи мо фарҳанги ҳикматҳост. Ҷавонони мо қисман ин ҳикматҳоро медонанд, вале мутаассифона, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ кам истифода мебаранд.
Фикр мекунам, ки имрӯзҳо вақти он расидааст, ки таҷрибаи ҳосилшударо таҳлил намоем ва пеш аз ҳама дар бораи корҳои минбаъда андеша кунем.
Чӣ тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд, миллате, ки забон, фарҳанг таърихи хешро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ дер пуштибонӣ карда наметавонад. Бо дарки ин маънӣ ҷавонони худшиноси миллати мо кӯшиш мекунанд, ки дар чорабиниҳои давлатӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҳифзу ободии диёр иштироки доимӣ дошта бошанд. Имрӯз ҷавонони мо дар хориҷ ва дохили кишвар чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳати ақлонӣ қувваю матонати хешро нишон медиҳанд. Ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо ворисони арзандаи Рӯдакию Сино ва идомадиҳандаи кори онҳо ҳастем.
Ба андешаи ман хештаншиносии мо аз он сарчашма мегирад, ки агар халқу ватани худро дӯст дорему арзишҳои онро гиромӣ. Эҳтиром ба забони давлатӣ, муқаддасот, пули миллӣ низ асоси худшиносист. Садоқат ба Модар-Ватан, тарғиби фарҳангу анъанаҳои ғанию бостонӣ барои ҳамаҷониба дарк намудани хештаншиносӣ созгор мебошанд.
Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърих яке аз омилҳои муфиди тарбияи ватандӯстӣ ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон ба ҳисоб меравад. Рафти ҳаёти инсонӣ исбот мекунад, ки ҳар як миллати рӯи замин худбехабар набошад, таърихи гузаштаи худро донад, ба хубӣ дарк намояд, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад.
Дар ин маврид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки: «Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дастурамалест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешояндҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунанд».
Ифтихори миллӣ дар қалби ҳар як ҷавони баору номус, ҳар қавм ва миллат, маҳз ба воситаи хуб донистани таърих ҷой мегирад. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем.
Ҳамин тавр, худшиносӣ роҳи асосии ба камол расондани инсон мебошад. Ҳар кас, ки биниши хештаншиносиро аз шинохти худ сар карда, то масъалаҳои маънавият ташкил дода тавонад, ба сарзамини мақсуди инсонӣ зудтар мерасад.
Хештаншинос будан дар ҳар ҷавон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Шахси хештаншинос қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунад, ватани худро дӯст дорад ва манфиати онро ҳимоя намояд. Ҷавонон бояд соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ, инчунин дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.