Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни шахсиятҳои барҷаста, бузургони олами санъати тасвирӣ ва пос доштани хотироти неки онҳо санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ, соати 9.00 дар мавзӯи “Саҳми Рассоми халқии Тоҷикистон” профессор ЗУҲУР ҲАБИБУЛЛОЕВ дар рушду нумуи санъати тасвирии тоҷик” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд мақола ва маводҳои худро барои иштирок дар конференсияи мазкур ба кумитаи тадорукот (шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсияи донишкада) то санаи 20.04.2022 пешниҳод намоянд.
Доираи фарогирии мавзӯъҳо:
- Жанри натюрморт, жанри манзара (пейзаж) ва жанри композитсия дар эҷодиёти нотакрори Зуҳур Ҳабибуллоев;
- Ҳунарҳои мардумӣ, манзаранигорӣ, натюрморт, композитсияҳои тематикӣ, портрет, графика, асарҳои монументалӣ, миниётура ва ҳайкалтарошӣ дар фаъолияту эҷодиёти рассомони тоҷик.
Бо камоли эҳтиром наздикону пайвандон, шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва ҳаводорон, ҳамзамон таърихнигорон, санъатшиносон, фарҳангшиносон ва таҳлилгарону пажӯҳишгарони олами ҳунару зебоиро ба конференсияи мазкур ДАЪВАТ менамоем.
Телефонҳо барои тамос:
227-58-63
555-55-48-78