Устодон, омӯзгорон, донишҷӯёни азиз!
Ҳайати профессорону кормандони Донишкада!
Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф ва тамоми донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.
Дар саросари кишвар таҷлили Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ, ки бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, аз ғамхории Ҳукумати мамлакат, хоса Роҳбари давлат нисбати соҳаи илму маориф дарак дода, дастуру супоришҳояшон кулли кормандони соҳаи илму маорифро ба масъулиятнокӣ ва ба даст овардани комёбиҳои нав ба нави соҳа ҳидоят менамояд.
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, қарору фармоишҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати Донишкадаро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, фаъолияти худро дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба роҳ монда истодааст.
Дар ҳақиқат пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, мову Шумо профессорону омӯзгорони муҳтарамро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ва самимияти хос бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкадаро ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва бошараф бароятон барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак!