Устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ Шумо ва дар шахсиятатон кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам, ки хушбахтона имрӯзҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтии оилавӣ ва саодати кору меҳнат ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон орзу менамоям.
Бояд қайд намуд, ки даҳ сол муқаддам бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 144, аз 30.03.2013 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз таъсис дода шуд, ки ин фоли нек мебошад. Тӯли ин солҳо Донишкада ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии мустақили давлатӣ ташаккул ёфта, барои эҳё ва оммавӣ гардонидани ҳунарҳои мардумӣ ва инчунин иҷро намудани вазифаи аслии хеш-омода намудани мутахассисони баландихтисос дар баробари дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ талош варзида истодааст.
Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсу тоҷик буда, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, имрӯзҳо тамоми мардуми сайёра онро мутантан ҷашн мегиранд, ки ин ифтихори мост.
Бори дигар устодон ва шогирдони гиромиқадр! Ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати Иди бостонӣ–Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ ва дар корҳои илмию эҷодиатон бурбдориҳо таманно дорам.
Наврӯз муборак!