Устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо камоли ифтихор ва эҳтироми самимӣ ҳамаи Шуморо ба ҷамъбасти пурифтихори соли 2025, ки барои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ, пурбор ва хотирмон маҳсуб меёбад, табрик менамоям.
Соли сипаришуда бо шарофати заҳмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва руҳияи баланди эҷодии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён Донишкада дар самтҳои таълим, илм, эҷод, фаъолияти байналмилалӣ ва рушди инфрасохтор ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир, рушди иқтидори илмӣ ва муаррифии шоистаи санъати миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз муҳимтарин муваффақиятҳои соли сипаришаванда ба шумор мераванд.
Иштироки фаъол ва ғолибияти донишҷӯёну омӯзгорон дар озмунҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳои сатҳи баланд, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, баргузории намоишҳои эҷодӣ, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ ва беҳтар гардидани шароити таълиму зиндагии донишҷӯён гувоҳи рушди устувор ва пайгиронаи Донишкада мебошанд.
Хусусан, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими корҳои тарбиявию эҷодӣ, қадрдонии заҳмати омӯзгорону кормандон ва дастовардҳои китобхона дар сатҳи ҷумҳурияию байналмилалӣ мояи ифтихори кулли ҷомеаи муассиса мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо барои саҳми арзандаатон дар пешрафти Донишкада изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, итминон дорам, ки минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ, ҳамдилӣ ва эҳсоси баланди масъулият ба дастовардҳои боз ҳам бузург ноил хоҳем гардид.
Ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, комёбиҳои нави илмӣ ва эҷодӣ, илҳоми созанда ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
