Устодони муҳтарам,
Омӯзгорони арҷманд!
Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола моҳи октябр таҷлил мегардад табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи маориф эҳтироми хоса зоҳир мекарданду мекунанд ва гаштаю баргашта таъкид менамоянд, ки рушди давлат, пешравии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ танҳо бо роҳи рушди соҳаи маориф амалӣ мегардад.
Ин аст, ки барои болоравии вазъи илму маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа давлат ва Ҳукумати кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин раванд Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими таълимию тарбиявӣ ва эҷодии омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг ва қавииродаву кордон дар кишвар эътироф шуда, барои тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бо назардоршти талаботи бозори муосир нақши сазовор гузошта истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омўзгор дар Паёмашон таъкид доштанд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ўст».
Ҳукумати Тоҷикистон, хоса талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҳар яки мо, омӯзгоронро водор месозад, ки ҳамеша баҳри ҳифзи Истиқлоли милливу давлатӣ, якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ талош намуда бошем ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии Хукумати кишвар нерӯи зеҳнии худро равона созем ва ба ин васила, баҳри тараққиёти соҳаҳои халқи кишвар нақши созгор гузошта бошем.
Мо дар назди миллату давлат вазифадорем, ки бо фаъолияти пурбори омӯзгорӣ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, фарогирии васеи донишҳои замонавӣ, ахлоқи ҳамида, ва муносибати арзанда ба арзишҳои муқаддас раҳнамун созем.
Чи гунае, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ қайд намуданд, забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ва ба халқи азизамон хизмат намояд.
Дар ин рӯзи фархундаву ҳумоюн Шумо – устодони арҷманд ва чароғафрўзони фардои ҷомеаро бо Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ, шодбош гуфта, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, иқболу обрӯ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо хоҳонам!
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!