Ҷавонони арҷманд!
Созандагони Ватан!
Нахуст мехоҳам ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гӯям.
Бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки барои мо мояи ифтихору сарфарозист. Ин ташаббус бо назардошту дарки амиқи нақшу мавқеи ҷавонон дар рушду созандагии кишвари азизамон сурат гирифтааст. Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.
Мо ва Шумо – ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд. Таъсиси стипендияи Президент барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи Президент барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти ҷумҳурӣ, ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯйи таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри фаъоли ҷомеаро метавон номбар кард.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ва самимияти хос бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон, табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорам.
Ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед!