Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кулли устодону шогирдони таълимгоҳ ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ҷумҳуриро бо рӯзи сарнавиштсози қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр самимона табрик гуфта, ба ҳама рӯзгори осуда, бахту саодат, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таҳсилу тадрис ва хидмати софдилона ба манфиати ободию озодӣ, рушду нумуи кишвари азиз ва зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ таманно дорад.
26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!