Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва ҷалби донишҷӯён ба ин шуғл дар китобхонаи хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт, миёни донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4 ва мутахассисони китобдор Хуршеда Шовалиева ва Умед Одинабеков суҳбати гарму ҷӯшоне барпо гардид.
Мутахассисон китобдор бо донишҷӯён, бахусус курсҳои якум, ки ҳоло ба тартиби кори китобхона чандон шинос нестанд, аз тарзи истифодабарии феҳристи адабиётҳо, муносибату муомила бо китобу китобдорон ва китобхонон дар қироатхона суҳбат ороста, ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Чунин вохӯрию суҳбатҳо миёни китобдорон ва донишҷӯёни донишкада ба як реҷаи муайян даромада, зуд-зуд дар китобхонаи хобгоҳ ва ҳам бинои асосии таълимӣ барпо мегарданд.