Ҳамватанони азиз! Инак, соли 2020 бо мо хайрухуш намуда, Соли нави 2021 ба кишвари азизи мо қадам мегузорад. Орзумандем, ки дар Соли нав дар дили ҳар як шаҳрванди кишвар чароғи умеду боварӣ ба ояндаи неку дурахшон фурӯзон бошад, нури Истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар ин сол 30-солагии он бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, роҳи моро ба сӯи ояндаи нек, ба сӯи худогоҳию худшиносӣ ва ватанпарастӣ боз ҳам қавитар равшан созад.
Ҷомаи амал пӯшидани беҳтарин орзую ниятҳои неки шумо ба манфиати халқу Ватани азиз, хонаободию хушбахтӣ ва саодатмандии ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон дар Соли нави мелодӣ таманнои ҳамешагии мост.
Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон