Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019 -2020-ро муҳокима ва ҷамъбаст намуда, вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгоронро барои нимсолаи дуюм муайян намуд.
Дар Шӯро мудирони кафедраҳои санъатшиносӣ, графика ва минётур, дизайн ва меъморӣ аз фаъолияти нимсолаашон ҳисобот доданд.
Шӯро ҳисоботи шуъбаи таълимро дар бораи натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.