Тибқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, №6590(26.4) ва протоколи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз 27 феврали соли 2023, №4/26-2 бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар минтақаҳои кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Дирӯз бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ки бевосита аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба ҳисоб мераванд, дар якҷоягӣ бо мудири бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб- Одинаев Абдураҳим дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур масъулони раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, роҳбарони мактабҳои санъат ва рассомӣ, коллеҷи санъати шаҳр ва дигар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Зимни вохурӣ профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи фарҳанг, хусусан соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибрози назар намуданд.
Дар идома ҷиҳати ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин, нозукиҳои талаботи низомномавии озмун ва номинатсияҳои нав воридшуда, яъне санъати тасвирӣ ва дизайн андешарони намуда, барои дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор шудани озмун аз масъулони соҳа дар шаҳру навоҳии мазкур даъват ба амал оварданд.
Ёдовар шудан ба мавридаст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъулони асосии озмуни мазкур, дар наминатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари довталабон дар шаҳру навоҳии кишвар бо ҷалби мутахассисони соҳа марҳила ба марҳила семинарҳои омӯзишӣ ташкил намудаистодааст.
Бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо истифода аз шароит ва имкониятҳои мусоид, камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон ва ҳаводорони олами санъату зебоӣ саъю талоши хешро менамоянд.