Санаи 15 то 17-уми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси ташкилоти хориҷии ЮНИДО ( Ташкилоти созмони миллал оид ба рушди саноат) ва шуъбаи тарбия ва равобити хориҷӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти қолинбофӣ, гулдузӣ ва бофандагӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.