Сада ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар
ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Ҳамон гунае, ки ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар осори шоирону адибони тоҷик инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Фирдавсиву Манучеҳрӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Умари Хайём ва дигарон низ ривоҷи зиёде дорад, ки Хоқонии Шервонӣ дар ин маврид
чунин гуфтааст:
Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,
Наврӯзи фарруху Садаву Меҳргони хеш.
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Дар хотима гуфтанием, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ҳамчун муждаи аз Наврӯз пазироӣ мегардид.
Субҳон Усмонов, Фирӯз Ҳаитов, устодони
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон