Дар ҳама давру замон парчам ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии ҳар як халқ буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар як соҳибватан ҷо гирифтааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардидаст, нишон аз давлату давлатдории миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди моро ифода намудааст.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!