Имрӯз 22.11.2022. дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов чорабинӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ифтитоҳ намуда ҳозиринро хайру мақдам гуфт. Раҳимзода Умед муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Шарифзода Абдувалӣ дотсенти кафедраи санъатшиносии Донишкада дар мавзӯи “Парчами Давлатӣ” маърӯза намуданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ ҳунармандони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва изҳори дастгирии ҳаматарафа аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт.
Лаҳзаҳо аз рафти чорабинӣ: