01 сентябри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи дониш таҷлил гардид. Дар донишкада тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои омӯзгорон ва донишҷӯён дар толорҳо ба роҳ монда шуд.
Пас аз ба итмом расидани суханронии Сарвари давлат дар толори асосии донишкада чорабинӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсил баргузор гардид. Дар он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирок намуда, оид ба моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ ва дар охир тамоми ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи нек муборакбод намуд. Инчунин дар ин партав муовини ректор оид ба таълим Джамила Худойбердиева баромад намуда, аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо шарофату дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, равобити хориҷӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Синфхонаҳо ва устохонаҳои донишкада барои соли нави таҳсил омода карда шуданд.
Дар ин лаҳзаҳои идона кулли кормандони соҳаи маориф, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон, кўдакони хушбахти диёрамонро, ки бори аввал ба мактаб мераванд ва онҳоеро, ки соли аввали таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он оғоз мекунанд, инчунин ҳамаи ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Рӯзи донишу Дарси сулҳ ва оғози Соли нави хониш табрик гуфта, барояшон комёбии беназир, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аълоро таманно менамоем.
Рӯзи дониш мубораку хуҷаста бод!