Аввало оғози соли нави хониш, Рӯзи донишро ба кули ҳамватанони азиз табрику таҳният гуфта, муваффақиятҳои рузафзун ва ояндаи дурахшонро барои тамоми толибилмону устодон таманно менамоем.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони ватани азизамон – Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми сазовори хешро гузоранд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон дар раванди дарсҳо, боз ҳам бештар тарғиб намоем.
Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр, муҳити носолим ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.
Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.
Ин рӯзи фархундаро устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамасола ботантана истиқбол мегиранд.
Субҳон Усмонов- дотсент, мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ