Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешгирӣ ва паҳншавии пандемияи сироятии COVID-19 дар қаламрави мамлакат пурра тарафдорӣ намуда, дар партави кумакҳои башардустонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ бо мақсади пешгирии ин беморӣ ва дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ба суратҳисоби махсус 1000 сомонӣ, инчунин ба беморхонаи Муассисаи давлатии Маркази миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва 1000 ниқоб кумак расонид.