Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соле рост омад, ки кишвари азизи мо дар остонаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Мусаллам аст, ки ҳар як паёми Пешвои миллат ба сифати ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва роҳнамои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ баромад карда, дар худ идеяи созандаи миллиро фаро гирифтааст. Паём инчунин, таҳкимбахши ваҳдату якдилии тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Он ба кулли шаҳрвандони кишвар равона шудааст.
Паёми Пешвои миллат нишонаи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳими ҷаҳону минтақа буда, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ироа мегардад.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят баланди амалӣ доранд.
Дар ин ҷо мехостам доир ба чанд нуқтаи Паёми Пешвои муаззами миллат андешаҳои худро иброз намоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 хатару таҳдидҳои муосирро таҳлил намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд:
«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.”
Воқеъан, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон кишварҳоро водор месозад, ки ҳар чӣ бештар ба таъмини амнияти миллии хеш таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Ҳануз ҳам гурӯҳҳои террорисию экстремистӣ барои ноором сохтани суботи ҷомеаҳо аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки яке аз воситаҳои асосии таблиғи идеологияи ғаразнок ва ифротӣ ин интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Маҳз яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоотрасон дар замони муосир низ шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Боиси нигаронист, ки террористон ва ифротгароён аз ин восита ба таври васеъ истифода бурда, андешаҳои нопоки худро ҷиҳати халалдор сохтани суботу ваҳдати кишварҳои миллӣ ба тафаккури шаҳрвандон, махсусан ҷавонон бор мекунанд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ ин гуна андешаҳои нопоку носолим аз ҷониби гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд.
Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз тамоми роҳу воситаҳо истифода барад.
Имрӯз давлату ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътимоди бузург дошта, барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам оварда истодааст.
Дар замони муосир ва давлатдории навин, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон масъалаи хеле муҳим ба шумор меравад. Умуман, насли маърифатнок дар пешбурди сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди давлат нақши бузург дорад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар паёми имсолаи хеш бори дигар маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлату ҳукумат муаррифӣ намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои миёнаву олӣ ба мақомоти дахлдор супоришҳои қатъӣ доданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.
Албатта, ин ҳама ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаққи ҳам омӯзгорону зиёиён ва ҳам наврасону ҷавонон аст.
Имрӯз ҷавонони кишвар хушбахт аз онанд, ки дар кишвари ободу ором умр ба сар мебаранд ва ҳамчун неруи созанда ва насли бунёдкор дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои миллат дар рушду нумуи давлату ҷомеа саҳмгузор мебошанд.
омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович,