Санаи 27-уми декабри соли ҷорӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар миёни 48 китобхонаҳо даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” баргузор гардид. Дар ин озмун китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон сазовори ҷойи 2-юм гашта, бо Диплом қадрдонӣ карда шуд.