Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади татбиқи амалии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва ба муносибати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишкада (раиси Шӯро Зумрад Умарова) миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.
Иштирокчиён аз рӯи шаш номинатсия – намоиши мӯд, қироати шеър, сурудхонӣ, рақси миллӣ, ороиши мӯйи сар ва тарзи омода сохтани хӯриш мусобиқа карданд.
Ҳайати доварон бо иштироки муовини Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Манзура Бӯриева баъди азназаргузаронию санҷиши маҳорат ва маҳсули кор донишҷӯдухтарони факултети санъати тасвириро сазовори ҷойи якум ва факултети дизайнро ҷойи дуюм донистанд.
Дар анҷом иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.