Бо фармоиши Вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали 2025, №20 бо мақсади таҷлили сазовори эълон гардидани соли 2025- ум ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Озмуни байналмилалии рассомон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад.
Озмуни мазкур бо мақсади инъикоси ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об ва дар ин замина, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март дар осори рассомон, баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба санъати тасвири, тарғиби зебоипарастӣ, баланд бардоштани малака ва маҳорати касбин рассомон, омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба санъати тасвирӣ, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон баргузор карда мешавад.
Тибқи муқаррароти Низомнома ба Озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки фарогири мавзӯҳои об, пиряхҳо ва ҳифзи онҳо, Тоҷикистон ҳамчун кишвари обҳои мусаффо ва манбаи бузурги пиряхҳо ва ғайра бошанд.
Озмун аз 20 апрели соли 2025 то 20 майи соли 2025 баргузор гардида, он дар ду давр аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ вобаста ба синну сол дар се гурӯҳ: хурдсол (7-11 сола); наврасон (12-16 сола); ҷавонон (17-22 сола) баргузор мегардад – даври аввал аз 20 апрел то 25 апрел, даври дуюм аз 15 май то 20 май.
Дар озмун хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои бачагона ва олии рассомӣ ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок карда метавонанд.
Ҳар як иштирокчӣ метавонад 1 асар ба даври якум уа 1 асар ба даври дуюм аз рӯи як номинатсия пешниҳод намояд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:
Асарҳо дар коғаз, матоъ, чӯб, металл ва ғайра иҷро карда мешаванд.
Довталабон барои иштирок дар озмун бояд ба Комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд, ки иборат аст аз нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома, ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бо андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва 80 90 бо пешниҳоди эскизҳо ва ороиш бо багет, тавсияномаи эҷодии роҳбари муассисаи таълимӣ ва ду дона расми 3х4-и иштирокчӣ.
Нусхабардории асарҳои рассомони дигар аз сомонаҳои интернетӣ манъ буда, дар қисмати пушти кор номи асар, насаб, ном, номи падар, сину соли иштирокчӣ, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) бояд зикр гардад. Шаҳрвандони хориҷӣ асарҳои аслии худро барои озмун тавассути почта ба суроғаи Комиссия бояд ирсол намоянд.
Муҳлати қабули хуҷҷатҳо то 10 апрели соли 2024 муқаррар шуда, асарҳо бояд ба мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, проблемаҳои актуалии экологӣ, тағйир ёфтани иқлим, таъсири инсон ба табиат ва муҳофизати пиряхҳо бахшида шуда бошанд.
Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибони озмун бо шоҳҷоиза, чойҳои якум, дуюм, сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ба ғолиби Шоҳҷоиза дар гуруҳи хурдсолон (аз 7 то 11-сола) 5000 сомонӣ, ҷойи якум 3000 сомон, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ба ғолибони гуруҳи наврасон (аз 12 то 16-сола) ба баррандаи Шоҳҷоиза 8000 сомонӣ, ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ тақдим мегардад. Дар гуруҳи ҷавонон (аз 17 то 22-сола) ба ғолиби Шоҳҷоиза 15000 сомонӣ, ҷойи якум 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм 8000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад. Инчунин, ба 25 нафар дипломантҳои озмун мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба ҳар нафар тақдим мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба Комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 31, ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон супоранд. Барои маълумоти бештар бо рақамҳои 372215590, 918826668, 055177777 ва 945750000 занг занед.