23 июли соли 2021 дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони сохторҳои гуногуни донишкада ва рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотиро ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021мухтасар сухан намуд.
Қайд гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишкада нимсолаи аввали соли 2021-ро бо дастоварҳои хуби таълимию эҷодӣ ҷамъбаст намуд. Дар идомаи суҳбат Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат вобаста ба самти таълиму тарбия, корҳои илмӣ-эҷодӣ, намоишҳо ва конференсияҳо, маркази бачагонаи рассомӣ ва курсҳои тайёрӣ, фаъолияти байналмилалӣ ва мукофоту ҷоизаҳои бадастовардаи омӯзгорони донишкада суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуданд, дар нимсолаи якуми соли 2021 нияти деринаи мо оид ба таъсиси як маҷаллаи илмӣ-эҷодӣ бо номи “Мусаввир” ҷомаи амал пӯшид ва ҳоло шумораи нахустини он аз чоп баромад.
Дар охир, миёни раёсати донишкада ва рӯзноманигорон доир ба имкониятҳои таҳсил дар зинаи магистратура, потенсиали илмии донишкада, тартиби гирифтани унвонҳои илмии соҳаи санъати тасвирӣ, шароити хобгоҳ ва намоишҳои сатҳи байналмилалии банақшагирифтаи донишкада саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ногуфта намонад, пеш аз оғози нишасти матбуотӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори калон корҳои дипломии хатмкунандагони ихтисоси наққоши донишкада ба намоиш гузошта шуд.