Санаи 5-уми августи соли 2024, соати 8-00 дар Донишкадаи давлатии санъатӣ тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2024 бо иштироки ҳайати кормандон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. Нишасти матбуотиро ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастовардҳои Донишкада дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ибрози андеша намуданд. Қайд намуданд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, қарору фармоишҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати Донишкадаро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 як қатор корҳои судмандро амалӣ намуд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар давоми 11 соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, имрӯз дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд. Донишкада соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, аввалин муассисаи тахассусии мустақили давлатӣ мебошад, ки мутахассисонро дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар дараҷаи бакалавр, магистр, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос, тайёр мекунад. Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Телевизиони “Баҳористон”, “АМИТ Ховар” Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Радиои Тоҷикистон”, “Мароми Пойтахт”, “Минбари Халқ, “Омӯзгор” Газетаи “Адабиёт ва Санъат” “Садои Мардум, “Фараж” “Маҷалаи илм ва ҳаёт” ширкат доштанд.
Дар интиҳо миёни рӯзноманигорон ва масъулини соҳа бахши саволу ҷавоб доир гардида, ба онҳо аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас ва мусбӣ гардонида шуд.