Миллати тоҷик дар радифи дигар халқҳои ҷаҳон дар тӯли таърихи дароз ба хазинаи тамаддуни башарӣ ганҷи бебаҳо ворид карда, барои арҷ гузоштан ва ҳифзи ин фарҳанги
воло ҷонбозиҳо намудааст. Маълум аст, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси якҷояи Тоҷикистон, Эрон, Афѓонистон, Озарбойҷон дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврӯз ба феҳрасти ёдгории фарҳанги ҷаҳонӣ дохил шуд.
Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардидани 21 март ҷаҳду талоши он давлатҳоро, ки иди Наврӯзро асрҳо боз ҷашн мегиранд, ҷиҳати нигоҳ доштан ва рушду такомул додани анъанаҳои марбут ба онро қобили таваҷҷӯҳ дониста, ҳамзамон аз давлатҳои дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар бораи Наврӯз иттилои бештар мунташир намуда, сарчашма, анъана ва таърихи пайдоиши ин иди бостониро мавриди таҳқиқ ва тарѓиб қарор диҳанд.
Мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз дар арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар, таҳкими сулҳу субот ва равобити халқу миллатҳои мухталифи дунё сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккур нақши муассир гузошта метавонад.
Пазируфтани иди Наврӯз ҳамчун иди байнамилалӣ аз бузургию шаҳомат, решаҳои чуқури таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни куҳанбунёди ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Воқеан, Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазор сол тӯл мекашад. Дар ин муддати тӯлонӣ ин иди бузург борҳо ба муқовиматҳои мазҳабию фарҳангӣ ва бадситезиҳои аҷнабиёну бадхоҳон рӯбарӯ шуда, таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҳанӯз ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат, ромишгарону хунёгарон ба он шукӯҳи хоса мебахшиданд.
Ба қавли муаррихон «Дар тахти Ҷамшед дар рӯзи эътидоли баҳорӣ, яъне оѓози соли нав маросиме баргузор мешуд, ки ӯ намояндагони ҳар қавму миллатро ба ҳузур мепазируфт ва бо онҳо сӯҳбати шодиву хушҳолиро гарм медошт».
Тибқи маълумоти манбаъҳои мухталифи аҳди ислом, аз ҷумла ба қавли Мӯсои Кисравӣ «нахустин кас, ки Наврӯзро оин гузошт, подшоҳиро бунёд кард ва рамзи давлатдориро барқарор намуд, нуқраву тилло ва дигар маъданҳоро ба даст овард ва аз оҳан силоҳ сохт, қасру кӯшкҳо офарид, корез ва обёрӣ кард, расми кишоварзиро пеш ниҳод Ҷамшеди Каёнӣ буд».
Расмҳои маросими баргузории ҷашни Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигораҳои тахти Ҷамшед то имрӯз побарҷо мондаанд. Дар гузашта маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм, яъне Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург иборат буд.
Ниёгони мо барои ҳифзи анъана ва суннатҳои наврӯзӣ дар мушкилтарин рӯзҳо, дар ҳаводиси пурфоҷиаи таърих истодагарӣ карда, ҳуқуқи маънавӣ ва ормонҳои худро дар таҷлили он бо таҳаммулпазирӣ нишон дода, ин идро дар ҳама сатҳ аз фақирон то шоҳон, бо шоистагӣ ҷашн мегирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Наврӯзи омма аз панҷ рӯз иборат буда, Наврӯзи бузург як рӯзро дар бар мегирифт. Дар шарҳи ин матлаб Абӯрайҳони Берунӣ баён намудааст, ки «Ойини подшоҳони Сосон дар панҷ рӯзи аввали фарвардин, яъне Наврӯзи омма чунин буд, ки шоҳ ба рӯзи аввал Наврӯзро ибтидо мекард ва оммаро ба ҳузур мепазируфт ва бо онҳо ҷашн мекард.
Дар рӯзи дувум деҳқонон ва аҳли оташкадаҳо, рӯзи сеюм паҳлавонон ва мӯбадони бузург, рӯзи чаҳорум аҳли хонавода ва наздикону хосони худ ва рӯзи панҷум писар ва наздикони хешро мепазируфт».
Вобаста ба ин яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ дар гузашта чунин будааст, ки бомдоди рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд.
Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз гулханҳои бузург меафрӯхтанд.
Инчунин роҷеъ ба таҷлили ҷашни Наврӯз муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» чунин иттилоъ медиҳад: «Рӯзи аввали фарвардин, ки расидани офтоб ба бурҷи Ҳамал аст ва ибтидои баҳор аст ва инро Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи омма ва Наврӯзи саѓир гӯянд ва низ шашуми фарвардинмоҳро Наврӯзи бузург ва Наврӯзи хоса гӯянд».
Мавриди зикр аст, ки дар аҳди сулолаи Сомониён шаҳомату шукӯҳи таҷлили Наврӯз хеле боло рафт. Ҷашни Наврӯзро Сомониён мояи ифтихор ва ҷалоли салтанат ҳисобида, мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон онро рамзи озодию истиқлол медонистанд.
Дар «Таърихи Бухоро» Абӯбакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ ишора менамояд, ки дар «Хазоинулулум» ном сарчашма дар мавриди зикри бинои арки Бухоро муѓон ба хотири Сиёвуш «ҳар соле ҳар марде он ҷо як хурӯс бикушанд пеш аз баромадани офтоби наврӯзӣ. Ва мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳо аст чунон ки дар ҳама вилоятҳо маъруф аст Ва ин сухан зиёдат аз се ҳазор сол аст».
Сарчашмаи дигаре, ки дар мавриди ин ҷашн ва суннати он маълумот додааст, «Таърихи Наршахӣ» мебошад, ки аз ҷумла оварда шудааст:
«Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту як рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд».
Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар замири қалби мардуми тоҷик зинда монд ва ҳатто баъди истилои аҷнабиёни арабу муѓул, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавонистанд, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд.
Олими маъруфи Эрон Саид Нафисӣ Осиёи Миёнаро сарзамини поки ниёгон номида, таъкид мекунад, ки «аҷдоди ориёии мо маҳз дар ҳамин сарзамини дилкашу биҳиштосо, дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст».
Бо назардошти андешаҳои баёнгардида возеҳст, ки Наврӯз ифшогари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангии миллии моро дар худ ҳифз кардааст. Ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилиро соҳиб шудани он шаҳодати он аст, ки ин миллат, миллати наврӯзпараст ва наврӯзоин дар тамоми таърихи худ нақши тамаддунофар ва ҳидоятгар доштааст.
Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ҷашни суннатӣ аз нав эҳё гардид ва ба иди умумимиллию байналмилалӣ табдил дода шуд ва дар таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, инъикоси симои миллӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши муассир гузошт.