Санъати тасвирӣ ин назмест, ки онро мебинанд ва назм ин тасвирест, ки онро мешунаванд.
Леорандо да Винчи
Таърихи фарҳанг ва санъати халқи тоҷик аз диди баромад, аз умқи бостон маншаъ мегирад. Тоҷикистон сарзамини шоирон, олимон, мусаввирон ва ромишгарони машҳурест, ки тӯли қарнҳо ба муборизаҳои синфӣ ва беҳуқуқии мардум нигоҳ накарда, анъанаҳои кӯҳнаи суварнигории хешро аз даст надодааст. Ин масире буд аз тасвироти рӯисангии замони палеолит, наққошиҳои муҷассамавии рӯйдеворӣ ва миниатураҳои асримиёнагӣ гуногунрангии осори эҷоди мардумӣ ба диди мусаввирии муосир ва таҷассуми олам.
Яке аз самтҳои рушдёфтаи санъати тасвирии тоҷикон аз даврони бостон, санъати ороишӣ-амалӣ маҳсуб меёфт. композитсияҳои мунаққаши равшану хос, гулдӯзиҳо, кандакории нозуку нафис ва наққошии рӯи чӯб, сикказании моҳиронаи рӯйи оҳан, ҷавоҳирот ва кулолгарии махсус барои наслҳои оянда шаклҳои аҷиби зиёд, рангҳои мафтункунанда ва қиссаву ривоёти рангинро нисбат ба ҳаёти халқ, таърих ва фарҳанги он мерос гузоштаанд.
Солҳои 20-30-юми асри ХХ дар робита бо таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон масъалаи ташкил додани фарҳанги нав ба миён омад, зарурати тарбияи мутахассисони соҳаи мазкур падидор гашт. Маҳз дар ҳамин давра санъати тасвирии муосири тоҷик эҳё гашта, жанрҳои нави он зинданигорӣ, қаламнигорӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишию амалӣ ташаккул ёфтаанд.
Тамоми зинаҳо ва рӯйдодҳои таърихие, ки ба санъати Шӯравӣ марбут буд, ба санъати тоҷик низ таъсир гузошт ва шумораи зиёди рассомони тоҷик масири ин мактаби бузурги мусаввириро тай карда, аз он ғизои маънавӣ касб намудаанд ва ба камоли баланди эҷодӣ расидаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳисси худшиносии мардум баланд гашт, мусаввирон, худ як ҷузъи таркибии ҷомеа маҳсуб меёбанд, бештар ба ҷузъиёти фарҳанги миллии худ рӯ оварданд,ки ин бесабаб нест.
Онҳо ифтихор аз таъриху фарҳанги қадимаи миллати худ дар даврони пурҷӯши ҷаҳонишавӣ, эҳё намудани суннату арзишҳои миллӣ, бо ҳақиқатнигорӣ, таҳайюлоти бадеӣ тасвир намудани олами ҳастӣ, баланд бардоштани савияи зебопарастии миллат, қобилияти дарки санъати босиравии халқро вазифаи асосии худ маҳсуб медонистанд.
Дар оғози асри ХХI рассомон Ф. Хоҷаев, А Отахонов, Г. Ҷӯраев, А. Миршакаров, М. Бекназаров, Б. Одиназода, К. Наҷмиддинов, М. Холов, Ф. Некматзода, Н. Эшонова, М. Мирмуҳаммадов, И. Мамадҷонов, Д.Мехтоҷов, Р.Рақибов, Э. Олимов, Р. Рӯзибоев, З. Давлатшоева, Б. Ғаниев, Н. Ҳомидова, У. Мардихудоева, Б. Забиров ва дигарон бо шаклу услуби хоси тасвир ба мавзӯҳои гуногуни мардумии хеш рӯ оварданд.
Яке аз рассомони шинохта ва сермаҳсули тоҷик Муриват Бекназаров мебошад, бо жанрҳои рангнигорӣ ва қаламкорӣ эҷод менамояд. Асари ӯ “Гаҳвора” (с.1998) шакли дохилии хонаи тоҷикро тасвир намудааст. Дар он модар дар назди гаҳвораи писараш ва се аъзои оила тасвир ёфтаст.
Дар девори хона кашидадӯзии калон тасвир ёфтааст, ки аз рӯи расм ва нақш ба тоҷикони шимоли ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, мазмуну мундариҷаи асарро пурратар менамояд. Ин нақш боз дар асари “Занҳои ҳунарманд”(с.2012) акси худро бо тарзу сохти дигар, ки се зани ҳунарманд дар даст матоъ ҳамсӯҳбатанд, зоҳир намудаст. Дар кашидадӯзии тасвирёфта нақшҳо қадимӣ буда, ба кадом маҳал мутааллиқ будани хона бармало аён аст.
Яке аз мусаввирони шинохтаи тоҷик, хатмкардаи институти театрӣ- бадеии шаҳри Тошканд ба номи Николай Островский Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ мебошад, ки дар жанрҳои рангнигорӣ (живопись), қаламнигорӣ (графика), кулолгарии бадеӣ (керамика) доир ба ҳунарҳои мардумӣ асарҳои зиёде эҷод намудааст. Ҳама намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба санъати ороишию амалӣ дохил мешаванд, ашёву намудҳои санъати ороишиву амалӣ барои хизмату маишати рӯзгори мардум, мувофиқи табъи ҳар шахс офарида мешаванд. Офаридаҳои Бахтиёр Одиназода таҷассумкунандаи зебогиҳои пурѓановат ва арзишҳои мадании тоҷикон мебошанд. Масалан, дар асари “Занони кулолгар” (соли 2000) бо шаклу услуби хоси рангпардозӣ ҳаёти занони кӯзасози кӯҳистони тоҷик тасвир ёфтааст.
Дар рӯи ҳавлӣ кӯзаҳои зиёде бо нақшу нигори хоси қадима қарор доранд, ки аз қадимӣ будани ин касб ба бинандагони имрӯза дарак медиҳад. Ин мавзӯъ, яъне “Занони кулогар” дар эҷодиёти дигар рассомони тоҷик мушоҳида нашудааст.
Мусаввараи “Тоҷикдухтар”, ки дар он манзараи имрӯзаи деҳоти тоҷик бо тасвири рустоидухтар дар сару либоси миллӣ ва болои сар табақи анор тасвир ёфтааст, хеле реалӣ ва ҷолиб аст. Болои сар ниҳода бурдани бору анҷоми нисбатан сабук ё ягон асбобу ашёи рӯзгор аз қадим хоси мардуми тоҷик аст, хусусан занҳои кӯҳистон.
Дар ин асар дар зоҳиру ботини қаҳрамон унсурҳои миллии қадима таҷассум ёфтаанд. Зан бо сару либоси қадимаи миллӣ – чакан, бо рӯймоли гулдӯзӣ, бо гӯшвора ва гарданбанди аз мӯҳраҳои майда сохташуда тасвир ёфтааст, ки гувоҳи бо тайёрии пешакӣ ба меҳмонӣ рафтани он мебошад.
Куртаи чакани бо услуби қадима дӯхташуда як ҳусни дигаре ба қаҳрамони асар зам намудааст. Ба гуфти шоир:
Чаканпӯшӣ, ки бошад суннати мо
Чакан зам менамояд зиннати мо.
Агар мо қадри аҷдодон надонем,
Касе дигар надонад қиммати мо.
Дар мусаввараҳои “Дарахти ҳаёт”(2003), ”Фаслҳои сол” (2007) мусаввир бо услуби хос олами ботинии худро ба қалам додааст. “Дарахти ҳаёт” ва “ Фаслҳои сол”- и ӯ аз замини аҷдодӣ, аз дудаи ( реша) ориёӣ маншаъ гирифта, то ба имрӯз сабзида расидааст ва сабзу бардавом хоҳад монд. Дар “Дарахти ҳаёт” лона ва дар даруни он се дона тухм тасвир шудааст, ки рамзи бардавомии насл мебошад.
Дар чоргонаи ”Фаслҳои сол” рангҳои чор фасли сол тасвир ёфтааст. Дар байн “ дарахти ҳаёт” сарсабзу шукуфон вобаста бо фаслҳои сол бисёр шоирона ба ҷилва омадааст, ки аз маҳорати баланди мусаввир огоҳӣ медиҳад. Дар расм гузаштаи дур бо ҳаёти имрӯза омезиш ёфта, синтези гузаштаю имрӯза ба тамошобин пешкаш карда шудааст.
Дар ҳар дуи ин мусаввараҳо фалсафаи ҳаёт – диалектикаи зиндагӣ таҷассум гардидааст, ки моро ба умқи асрҳои антиқа мебарад. Сирри таъсирнокии ин тасвирҳо шояд дар он бошад, ки ҳама бо нақшҳои чакан оро дода шудааст ва чакан худ таърихи беш аз 2500 сола дорад. Бешубҳа сарзамине, ки бо нақшҳои гуногунранги чакан дар ин ду мусаввара тасвир шудааст, сарзамини ориёист – макони хирад, нангу ѓурур, касбу ҳунарҳои аҷдодӣ.
Дар мусаввараҳои “Натюрморти тоҷикӣ” (соли 2006), “Натюрморти тоҷикӣ”( соли 2005) тасвири нақши доирашакли гулдӯзии қадимаи чакан бо кӯзаҳои гуногуншаклу гуногунандоза, пиёла, табақча ва себ, ки хоси тоҷикони ҷануб ва дар асари дигар гулдӯзии қадимаи сурхи овезон дар таг гулдӯзии сафед (рӯпӯши кӯрпаҳои хона) дар болояш як кӯзаи сафолини гарданаш тармимшуда бо носкадуҳои қадимаи мунаққаш ва кадуи обнӯшии гардандароз тасвир ёфтааст, ки ин хоси тоҷикони шимолӣ мебошад. Дар ин ду мусаввара муаллиф касбу кор, одат, шуғли қадимаи тоҷиконро тасвир намудааст. Тамошои расм бевосита суханони Хайёми бузургро ба ёд меоварад, ки:
Ба кӯзагаре парер кардам гузаре,
К-аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.
Лӯхтаксозӣ аз гилу матоъ ва ресмонҳои гуногун аз қадим хоси мардуми тоҷик аст. Дар асари “Лӯхтакҳо” (соли 2008) дар болои матои сурхи чакандӯхташуда ду лӯхтаки қадима – яке писар бо ҷомаи беқасаб, куртаи сафед, миёнбанди зард, бо калаи гирди сафед, бо ресмонҳои кабуд, сафед, сурх дар шакли салиб, дигаре духтар бо либоси қадимаи гулдӯзӣ, куртаи сафеди тагпӯш, бо каллаи гирди сафед, бо ресмонҳои сабзу кабуд дар шакли салиб тасвир ёфтаанд. Муаллиф ба имрӯзагон фаҳмонданист, ки мо таъриху фарҳанги қадима дорем, бояд онро насли имрӯза донад, тавонад ҳифз намояд ва давом диҳад.
Яке аз қисматҳои дигари эҷодиёти Бахтиёр Одиназода ҳунарпардозӣ дар соҳаи сафоли бадеӣ мебошад, ки дар ин ҷода кайҳо муваффақият ба даст овардааст. Як асари ӯ, ки бо тарзи сафоли бадеӣ сохта шудааст, “Духтари кӯлобӣ” (с.2000) ном дорад. Духтар дар сар рӯймоли қадимаи гулдӯзӣ, дар тан куртаи чакан бо чашмони пӯшида тасвир ёфтааст. Вай бинандаро бевосита ба худ ҷалб намуда, ба фикр водор месозад.
Бисёр ҷузъиёти дарки олами зебоӣ дар асарҳои Бахтиёр Одиназода бо омезиши нақшу нигори миллӣ тасвири реалии худро ёфтааст. Асарҳои “Анора” (с. 2004), ”Субҳи декабр” (с.2005),” Анорҳо”, ”Натюрморт бо лимонҳо”, “Мусиқачӣ”, ”Саҳар” (с.2006), ”Рӯзи тафсон”, ”Натюрморти шарқӣ” (с.2003), ”Навозанда” (с.2010) ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки муаллиф ба таъриху фарҳанги миллати худ меҳру муҳаббати беандоза дорад.
Хулоса, ҳунарҳои мардумӣ ва нақшу нигори миллӣ имрӯз ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллат, муаррифкунандаи сарватҳои руҳию моддии халқ мебошанд, ки фазои эҷодии мамлакатро бой гардонида, бо арзишҳои фарҳангӣ таъмин менамояд. Намоянда ва пешбарандаи ин зебоиҳо рассомон, шахсони ҳунарманд ва эҷодӣ ҳастанд, ки дар ҳақиқат нигаҳбон ва давомдиҳандаи анъанаҳои бисёрасраи аҷдодони мо мебошад.
Ҳокимхон Шокиров,
муаллими калони кафедраи Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ