Дар маҳфил намояндаи шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Қобилова М. П., омузгорони кафедра Саидова О.С., Файзуллоева М.М., Муродалии Ризвон, аъзоёни маҳфил ва дигар донишҷӯён иштирок намуданд.
Маҳфилро оғоз намуд муаллимаи кафедари технологияи иттилоотӣ ва иқтисод – Иргашева Н.А. Маҳфили аввали “Менеҷери ҷавон” дар мавзӯи “Технологияҳои сохтани сомона” барассӣ карда шуд. Дар мавзуи мазкур баромад карданд аъзоёни маҳфил – Савзаев Абдушукур , магистранти бахши дуввуми ихтисоси веб-дизайн ва графикаи компютерии бахши магистратура, Салихов Дилшод донишҷӯи курси дуюми ихтисоси веб-дизайн ва графикаи компютерӣ. Одиназода Бунёд, Мамасолоев Мамасало донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси веб-дизайн ва графикаи компютерӣ дар мавзуи “Забони аломатгузории HTML” баромад намуданд.
Дар баромади аввал технологияҳои сохтани сомона, яъне HTML, CSS, JavaScript, PHP, нақши бузурги Интернет ва сомонаро дар пандемияи COVID-19 Салихов Д. қайд карда гузашт.
Сохтори HTML, кай ва аз тарафи кӣ таҳия шудааст, нақши он дар сомонасозиро донишҷӯён Одиназода Бунёд, Мамасолоев Мамасало муфассал фаҳмониданд.
Савзаев А. мавзӯи худро аз шабакаҳои компютерӣ, IP-address, DNS-ро оғоз намуд ва баъд аз он HTML, CSS, JavaScript, PHP-ро бо мисол фаҳмонд.