Меъморӣ чист? Барои дарки он, ки меъморӣ чист, бояд онро бо чашм дид, на дар аксҳои сиёҳу сафед ва рангаи албом ва на дар шабакаи намоиши телевизионӣ. Бояд дар асл иншооти меъморӣ ва муҳити онро, ки меъмории манзаравӣ ташкил менамояд, таҳти осмони софу ғуборолуд дид, дар тирамоҳи заррин, дар баҳори офтобии бедории табиат ва зуҳри дурахшони зимистон эҳсос кард. Танҳо дар ин ҳолат метавон пайванди ногусастании меъморӣ ва заминро фаҳмид, нафаси замонро эҳсос намуд ва бо асрори абадии фаъолияти ихтисоси меъморӣ ва меъмории манзаравӣ ошноӣ пайдо кард.
Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтимоми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ китоби дарсии “Меъморӣ. Муқаддимаи ихтисос”-и муаллифон – устодони тадриси назарияи соҳа, олимон Ҳаитова С.Р., Ғанизода Ҷ.Ш. ва Муқимова С.Р. барои донишҷӯёни ихтисосҳои меъморӣ ва меъмории манзаравӣ дар матбааи “ҶДММ Абдураҳмон Р” ба нашр расид.
Дар ин китоб хусусияти меъморӣ ҳамчун ҳунар ва илм бозкушоӣ шуда, пайдоиш, рушд, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ақидаӣ, амалӣ ва эстетикӣ, робитаи он бо прогресси илмӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, хусусияти хоси меъморӣ ҳамчун система ва фаъолияти ихтисоси меъморӣ дар Тоҷикистонро инъикос менамояд. Толибилмон дар ин китоб ба саволҳои меъморӣ чист, инкишофи санъати меъморӣ, таълиму тарбия дар соҳаи меъморӣ, ташаккулёбии ихтисоси меъморӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи меъмории Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва функсионалии меъморӣ, меъморӣ ва тараққиёти техникаи сохтмонӣ маълумоти муфассал пайдо мекунанд.
Дар сарсухани ин дастури таълимӣ оид ба зарурати таълифи чунин як китоби дарсӣ зикр мегардад, ки дар ҷумҳурӣ то ба ҳол оид ба соҳаи меъморӣ чунин дастурамале таҳия нагашта буд, ки дар он масоили ихтисоси меъморӣ ва меъморӣ ҳамчун системаи баҳсу баррасӣ қарор гирифта бошад.
Омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳангоми дарсдиҳӣ аз фани меъморӣ ва меъмории манзаравӣ аз адабиёти махсуси таълимии мактабҳои олии марказии Россия, аз ҷумла Академияи меъмории Москва ва Донишкадаи меъмории Москва истифода мебаранд. Чун китоби дарсии тоҷикӣ барои донишҷӯёни соли аввали таҳсили ихтисосҳои 1-690101-меъморӣ ва 1-69010106-меъмории манзаравӣ дастрас набуд, зарурати таълифи ин дастурамали таълимӣ пеш омад.
Ҳамин тавр, ин китоб нахустин кӯшиши таъмини донишҷӯён бо адабиёти таълимии зарурӣ ва таҷрибаи аввалин дар ҷумҳурӣ буда, толибилмонро бо асос ва шарҳи мафҳумҳои асосии муқаддимавии соҳа ба олами ин фан ворид менамояд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар охири китоб ҳамчун замима луғати мухтасари мафҳумҳои меъморӣ ҷой дода шудааст, ки ба толибилмон дар омӯзиши мавзӯъҳои соҳа кӯмак мерасонад.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои меъморӣ ва меъмории манзаравии факултетҳои дизайни макотиби олӣ пешниҳод гардида бошад ҳам, толибилмони ҳама ихтисосҳои сохтмонӣ метавонанд аз он истифода баранд.