Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки 25 феврал доир гардид, масъалаҳо “Дар бораи натиҷаи сессияи зимистона дар соли таҳсили 2021-2022”, “Дар бораи фаъолияти кафедраи “Гафика ва миниётураи ба номи Ф. Хоҷаев”, “Дар бораи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ (Шурои занон, Шӯрои кураторон, Шӯрои донишҷӯён), “Дар бораи ҷамъбасти намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраҳои тахассусӣ”, “Дар бораи пешниҳод ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар борои тасдиқи ҳайати комиссия ва Низомномаи комиссияи татбиқи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи бо забони русӣ гузаронидани имтиҳони давлатии хатм”-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, пас аз музокираҳо аз рӯи ҳар яки он дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Ҳайати Шӯро якдилона номзадии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи санъатшиносии донишкада Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевичро барои иштирок дар озмуни дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.