Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 18 май тибқи нақша дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи кор бо ҷавонони донишкада ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва гурӯҳи калони талабагони макотиби таҳсолоти миёнаи шаҳри Душанбе, ки нияти дохилшавӣ ба ин донишкадаро доранд, намоиши сиёсии тантанавии иттилоотӣ-ташвиқотӣ ва фарҳангӣ барпо гардид.
Намоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, аз саҳми муҳими ҷавонон дар рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва аҳли толорро аз номи раёсати донишкада бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфт. Сипас дар назди ҳозирин муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбизода С. С. баромад карда, зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон миёни мамлакатҳои муштаракулманофеъ аввалин шуда дар бораи сиёсати ҷавонон қонун қабул намуд. Дар 30 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Сафи гирандагони идрорпулии президентӣ сол то сол афзоиш меёбад. Албатта, ҳамаи проблемаи ҷавононро дар як муддати кутоҳ ҳал кардан мушкил аст. Бо вуҷуди ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳалли проблема ва беҳтар кардани шароити кору таҳсили ҷавонон кӯшиши зиёде ба хорҷ медиҳад. Ҷавонон бояд дар раванди глобализатсия(ҷаҳонишавии муносибат ва урфу одатҳо) зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисабозии душманони миллат дода нашаванд.
Имрӯз Кумита дар дохили ҷумҳурӣ вохӯрии ҷавонони як вилоят бо вилояти дигарро ташкил карда истодааст. Аллакай дар доираи ин чорабинӣ беш аз 2 ҳазор ҷавонон аз Суғд дидан карда, бо ҷавонони ин вилояту тарзи зисти онҳо ошно шуда, миёни ҳамдигар дӯстӣ барқарор намуданд.
Дар охир ба чанде аз кормандони масъули донишкада Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Фурӯғи нури маърифат” Ифтихорномаҳо ва мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи донишкада супурда шуданд.
Намоишро гурҳи муштараки ҳунарии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва донишкада бо рақсу таронаҳои дилнишин зинату тароват бахшиданд.