01.12.2018 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Парчами миллӣ аз санаи 01-ум то 10-уми декабри соли 2018 дар толори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён, аз ҷумла муди либос, таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” низ баргузор гардида, то санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар он меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок намуданд. Намоишро ректори донишкада Ғанизода Ҷ. оғоз бахшида, аз таърих ва комёбиҳои донишкада маълумоти муфассал доданд. Дар кушодашавии намоиши мазкур раиси шаҳри Ҳисор Ш.Ҷумъазода, Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Машраб, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Пайшанбезода, директори Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Шарифзода ширкат доштанд.