Санаи 25-уми апрели соли 2024 соати 16-00 дар толори барҳавои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада таҳти унвони “Нигоҳи насли ҷавон” баргузор гардид. Дар чорабинии имрӯза иштирок доштанд кормандон, омузгорон, донишҷуён ва меҳмонон. Ректори ДДСТДТ номзади илмҳои меъморӣ, профессор – Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳамаи иштирокчиёни намоишро хушомадед гуфта, ба намоиш ҳусни оғоз бахшид. Сипас бо сухани табрикотӣ директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин баромад намуд. Дар фарҷоми намоиш омӯзгорон бо ҳамроҳии донишҷӯён аксхои хотирмон гирифтанд.
Расмҳо аз рафти намоиш.