Санаи 25-уми январи соли 2024 дар толори барҳавои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии рассоми халқии Тоҷикистон, Лауретаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, монументалист ва шахсияти хизматнишондодаи Тоҷикистон – Исуф Сангов таҳти унвони “Роҳи паймуда” баргузор гардид.
Дар кори намоиш намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Покистон, намояндаи Барномаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва координатсия (TIKA), аъзои оилаи ӯстод, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистотн ширкат варзиданд.
Исуф Сангов миёни дигар рассомони халқии Тоҷикистон мақому ҷойгоҳи хоси худро дошта, устоди садҳо шогирд дар ҳунари рассомӣ ба шумор меравад. Муваффақиятҳои намоёни рассом натанҳо дар Тоҷикистон балки тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар ороиши монументалии бинои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак зоҳир мегардад.
Қобили зикр аст, ки Исуф Сангов то охирин рӯзҳои ҳаёти худ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани системаи таълимии соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда намудаанд.
Исуф Сангов барои хизматҳои назаррас дар инкишофи санъати тасвирии тоҷик ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 бо унвони фахрии “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” соли 2003 бо унвони “Рассоми халқии Тоҷикистон” ва соли 2004 бо “Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ” сарфароз гардонида шуд. Инчунин, ӯстод соли 2013 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сазовори унвони фахрии “Мусаввири сулҳ дар саросари ҷаҳон” гардид.