Дар толори калони намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи устохонаи “Оро” бахшида ба 75-солагии рассоми маъруфи тоҷик Валимад Одинаев намоиши асарҳои рассомии бонувони эҷодкор барпо гардид.
Намоишро бо сухани муқадимавӣ роҷеъ ба равнақ ёфтану рангинтар гардидани анъанаи деринаи ташкили намоиши асарҳои рассомӣ дар солгарди рӯзи таваллуди рассом Валимад Одинаев дар пойтахти ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ДДСТДТ, ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, сипас дар назди иштирокчиёни сершумори намоишгоҳ Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифов, роҳбари лоиҳаи устохонаи “Оро”, муассиси намоишгоҳ, муовини раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон Мушаррафа Шарифова, рассом Тахмина Исҳоқова доир ба махсусиятҳои эҷодиёт, диапазони васеи эҷодӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонии Валимад Одинаев, анъанаи неки омодасозии кадрҳои рассомию кулолгарии ӯ барои ҷумҳурӣ гарму самимӣ сухан ронданд.
Дар намоиш маҳсули эҷоди беш аз панҷоҳ нафар бонувон, аз ҷумла Манзура Улҷабоева, Санавбар Ҳақдодова,Симин Шарифова, Умеда Мардихудоева, Фирӯза Ҳамитова, Сарвиноз Ҳоҷиева, Муноҷот Бойматова ба намоиш гузошта шуданд.
Чунин намоиш ҳар сол дар рӯзи таваллуди рассоми шинохтаи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии Шӯрои вазирони СССР, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони СССР ва ҳам Иттифоқи рассомони Тоҷикистон марҳум Валимад Одинаев дар ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар баробари Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон яке аз ташкилкунандагони он аст.