Тибқи нақшаи корӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, кумитаҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила 13 сентябри соли 2019 соати 14:00 бо ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мулоқот доир намуд. Дар ин мулоқот аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, зиёда аз 30 нафар донишҷӯдухтар таҳти роҳбарии мудири бахши ҷавонони донишкада ширкат варзиданд.