Дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён, омӯзгори кафедраи “Графика ва миниатюраи ба номи Фарух Хоҷаев”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
ШИФОЕВ СОРБОН ҚУРБОНОВИЧ- бо мукофоти давлатӣ, медали “ХИЗМАТИ ШОИСТА” сарфароз гардонида шуданд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Устоди арҷмандро барои мушарраф гардидан ба мукофоти давлатӣ сидқан табрику таҳният гуфта дар фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва омӯзгориашон комёбиҳои нав ба навро орзуманданд.
МУБОРАК БОШАД УСТОД