Терроризм ва экстремизм мавзӯъҳои меҳварию доғи рӯз ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як шаҳрвандони асили сайёраро бетараф гузошта наметавонанд. Тоҷикистони азизи мо, ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ, нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри решакан намудани он ҳамеша талош меварзад.
Ҳамин буд, ки 17 майи соли равон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати зиёд беш аз панҷоҳ давлати дунё, қариб сӣ созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масуъли мубориза бо таҳдиду ҷолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид соли равон барномаи нави зидди террористиро қабул мекунад. Аз ҳоло мамлакатҳо барои амалӣ гаштани барномаи нави зидди терористӣ маблағ ҷудо мекунанд.
Дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи аввалиндараҷа ва фахрии оила ва макотиб аст. Аз ин лиҳоз, ин ҳадафу мақсад аз мо – омӯзгорон тақозо менамояд, ки ба кори таълиму тарбия ҳарчӣ бештар талош варзем ва аз имкониятҳои мавҷуда ва ҳанӯз истифода нашуда баҳравар шавем.
Ҷаҳони имрӯз, чуноне ба назар мерасад, хеле пуртазод аст. Терроризм чун вабои аср оромӣ ва зиндагии мардумро дар ин ё он гӯшаи дунё ноором карда, аз ҳамлаҳои хунин одамони бегуноҳ ҷон бохта, шаҳрҳо валангор мегарданд.
Мо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди терроризм ва экстремизм хуб дар хотир дорем. Сарвари давлат иброз медоранд, ки террористон на миллат доранду на мазҳаб ва на давлат. Онҳо дар роҳи ҷомаи амал пӯшонидани ақидаҳои пучу харобиовар ба амалҳое даст мезананд, ки чунин амалҳоро ҷомеи ҷаҳонӣ сахт маҳкум менамояд. Пешвои миллат дар паёмҳои худ ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм равшанӣ андохта, иброз доштанд, ки танҳо дар соли гузашта дар беш аз сад давлати дунё ҳамлаҳои террористӣ ба амал омадаанд ва одамони зиёде зарар дидаву бехонумон гаштаанд.
Ҳамаи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро як ҳадафу вазифа доранд. Онҳо бо роҳҳои террору даҳшатфиканӣ мехоҳанд ба қудрат расанд. Дар ин масир онҳо аз фазоҳои холии фарҳангӣ ва сиёсии ҳар ҷомеа истифода бурда, пеш аз ҳама, ба ҷавонони раҳгумзада такя мекунанд. Террористон барои ба мақсад расидан аз дину мазҳаб моҳирона истифода мебаранд, ҳол он ки амалу кори онҳоро адёни дунё, ба хусус ислом маҳкум месозад. Қатли одамро тамоми динҳои дунё маҳкум намудаанд, вале террористон дар куштори одамон заррае раҳму шафқат надоранд.
Неруҳои террористӣ фарҳангро эътироф накарда, муқобили мактабу маорифанд, онҳо хондану босавод шуданро нозарур мешуморанд ва ба муқобили ба мактаб рафтани духтаронанд. Дида мешавад, ки террористон бо он ақидаҳои пӯсида ва зиддиинсонии худ мехоҳанд дар ҷаҳон тухми ҷаҳолатро бикоранд ва дунёои равшанро барои мардуми сайёра ба торикистон табдил диҳанд.
Омӯзгорон муваззафанд, ки ҷеҳраҳои шуму хуношуми созмонҳои террористиро ифшо намоянд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ дар солҳои нооромиҳо аз амалҳои террористони зархарид зарари зиёд дид: дар баробари харобаҳои ҷанг миллати кӯҳанбунёдамон беҳтарин фарзандони фарзонаи хешро аз даст дод. Ҳеҷ сирре дар дунё пинҳон нахоҳад монд. Маълум гашт, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар давоми мавҷудияташ худро ҳамчун ҳизби сиёсӣ муаррифӣ карда, дар асл амалҳои террористиро анҷом медодааст. Аз ин лиҳоз, ин фаъолияти ин ҳизбро Суди олии Тоҷикистон маън кардааст.
Таҳлили воқеият нишон медиҳад, ки ҷавонон бештар қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб меравад ва аксаран ҳадафи асосии гурӯҳҳои эктримисти ва террористӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, мо бояд бе таваққуф чораандешӣ намоем, то ин ки ҷавонон аз фиребу найрангҳои террористону экстремистон эмин бошанду қувваи бузурги онҳо танҳо ба мақсади таҳсилу илмомӯзӣ, бунёду созандагӣ, рушди бемайлони иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистони азиз равона гардад.
Таҳиягарон:
омӯзгорони Кафедраи технологияи
иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ
Наҷмиддинзода А.Ю., Шарофуддинзода С.С.