Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳвораи ҷавонони донишкада бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон оғоз гардидааст.
Зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ ниҳода, таваҷҷӯҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон сол аз сол афзун мегардад.
Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада иброз дошт, ки ин чорабинии бошукӯҳ маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст. Аз ин рӯ, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар замони зудтаъғйирёбанда ва авҷ гирифтани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҷавонон махсусан, донишҷӯёнро лозим аст, ҳушёриву зиракиашонро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки дар доириа моҳвораи ҷавонон бо дастури ректори донишкада дар Боғи Куруши Кабир ва гулгашти рӯбаруи муассиса давоми як ҳафта дарсҳои рассомӣ дар фазои кушод баргузор гардид.
Дигар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассиса идома доранд.