12 январ. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахши ҷавонони донишкада дар мавзӯи “Пешгирии омилҳои поймолгардии ҳуқуқу манфиатҳои ҷавондухтарон ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро мудири бахши ҷавонон Наврӯз Саидов кушода, сипас Нусратулло Маҳмудзода – намояндаи Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Зайналобиддин Қурбонов – ҳуқуқшиноси донишкада, Ҷамолиддин Раҳмонов – муовини декани факултети тайëрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ вобаста ба мавзӯъ суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён дар атрофи мавзӯъ муҳокимарониҳо намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.