Санаи 12.06.2024 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар ҷаласа намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳамидзода Насим, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Умед Содиқиён ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Ғанизода Ҷ.Ш. – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Номбурда оиди фаъолияти ташкилот дар давоми соли таҳсили 2023-2024 ҳисоботи муфассал доданд. Қайд намуданд, ки дар баробари донишандӯзӣ ва аз бар кардани касбият донишҷӯёни мо – кадрҳои ояндаи соҳаҳои фарҳангу маориф, бояд дорои тарбияи хуби маънавӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳиссиёти баланди ватандӯстию арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон ва дур будан аз ақоид ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ бошанд.
Иттилоъ доданд, ки дар давоми соли таҳсили 2023-2024 дар Донишкада зиёда аз 60 чорабинии сиёсӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» гузаронида шуд. Аз ҷумла, тантанаи Рӯзи Артиши миллӣ, ҳашари ҳарҳафтаинаи тозакорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ, чорабинии сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ”, фестивали “Мӯд” зери унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” , мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2024, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва дигар чорабиниҳою озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ.
Сипас, ҳайати раёсат, раис ва муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» барои як соли минбаъда тариқи овоздиҳӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилот, интихоб гардиданд.
Дар охир ба як гурӯҳ ҷавонон, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва сипоснома супурда шуд.