Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” – и Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур барпо гардида, раиси ташкилот Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо маърӯзаи ҳисоботӣ дар бораи фаъолияти ташкилот дар давраи як соли сипаришуда баромад кард.
Қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб, қарорҳои анҷумани XIV ҲХДТ, маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, конференсияи XVIII ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, конференсияи XXXI ташкилотхои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансурро ба роҳбарӣ гирифта, соли 2020-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Дар ин давра шумораи аъзои ҳизб дар ташкилот ба 120 нафар расида, ҳайати сифатии он беш аз пеш беҳтар мегардад. Хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб зиёд ва захираҳо низ дар ин боб кам нестанд. Тариқи омӯзиш давра ба давра сазовортарини онҳо ба аъзогӣ қабул карда мешаванд.
Донишҷӯён, ки дар оянда ба соҳаҳои фарҳангу маориф ба кор хоҳанд рафт, бояд дорои тарбияи хуби маънавӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳиссиёти баланди ватандӯстию арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон ва дур будан аз ақоид ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ бошанд. Ин масъала дар маркази диққати ҳамешагии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» қарор дорад. Дар донишкада бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон тибқи нақша чорабиниҳои зиёде баргузор мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн» дар донишкада зиёда аз 50 чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ гузаронида шудаанд.
Аъзоёни ташкилоти ҳизбии “Дизайн” дар баробари чорабиниҳои сиёсию фарҳангии дохилидонишкадавӣ дар дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявї низ фаъолона иштирок менамоянд. Барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СипосномаиДастгоҳи марказии ҲХДТ қадр карда шудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” Ғанизода Ҷ. Ш. ва барои иштироки фаъолона ва меҳнати софдилона аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Ифтихорнома гардидани аъзои ҳизб, мудири бахши ҷавонони донишкада Наврӯз Саидов ва чанде дигарон ба ин мисол шуда метавонанд…
Аз рӯи маърӯза аъзоёни ҳизб Субҳон Усмонов – декани факултети дизайн, Анвар Наҷмиддинзода – мудири кафедраи технологияи иттилоотї ва иқтисод ва чанде дигарон ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд. Маҷлис фаъолияти ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш донист ва доир ба ин масъала қарори дахлдор қабул кард.
Дар анҷом ба як гурӯҳ ҷавонон, ки барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намудаанд, билети узвият ва ба чанде аз аъзоёни фаъоли ҳизб сипосномаву ифтихорномаҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супурда шуданд.
Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исҳоқӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок доштанд. Илҳомҷон Ҳамидиён баромад кард ва ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” барои фаъолияти пурсамар дар тарғибу ташвиқи мақсадҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ изҳори сипос намуд.