29 сентябри соли равон дар китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дӯстдорони китоб» аз рӯи китоби «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» баргузор шуд.
«Ин маҳфил фазоеро фароҳам меорад, ки дар он ҷавонон бо асарҳои классикон ва муосир шинос мешаванд, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳраманд мегарданд ва муҳаббати самимӣ ба китоб дар қалбҳояшон мустаҳкам мешавад. Маҳфили мазкур мактаби худшиносӣ мебошад, ки ба насли нав рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои маънавиро мебахшад», – гуфт мавсуф.
«Китоби мазкур бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, аз мундариҷа, оғоз, бобҳои «аз таърихи гидроэнергетикаи Тоҷикистон», «Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон», «Таърихи мухтасари бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Роғун сарчашмаи ифтихори миллати тоҷик», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010», «Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои машваратӣ», «Неругоҳи барқи обии Роғун аз нигоҳи созандагони он», «Андешаҳои сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон», «Бонки ҷаҳонӣ ва ташхиси лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»», анҷом ва замимаҳо иборат мебошад», – гуфт Субҳон Усмонов.